Ояи 4
«Ҳаройина Худованд бар ин дин қавмеро гуморанда аст ки ҳаргиз ба он кофир намешаванд»
قَالَ اللَّهُ تَعَالَى:
﴿فَإِنْ يَكْفُرْ بِهَا هَؤُلَاءِ فَقَدْ وَكَّلْنَا بِهَا قَوْمًا لَيْسُوا بِهَا بِكَافِرِينَ﴾[1]
Тарҷума:
Худованди баландмартаба фармудааст:
«Пас агар инон ба он кофир шаванд, гурӯҳи дигареро бар он мегуморем ки ба он кофир набошанд».
Мулоҳиза
أَخْبَرَنَا مُحَمَّدُ بْنُ عَبْدِ الرَّحْمَنِ الْهَرَوِيُّ، قَالَ: سَمِعْتُ الْمَنْصُورَ يَقُولُ: إِنَّ الْأَرْضَ لَا تَخْلُو مِنْ قَوْمٍ مُؤْمِنِينَ، فَقَدْ قَالَ اللَّهُ تَعَالَى: ﴿فَإِنْ يَكْفُرْ بِهَا هَؤُلَاءِ فَقَدْ وَكَّلْنَا بِهَا قَوْمًا لَيْسُوا بِهَا بِكَافِرِينَ﴾.
Тарҷума:
Муҳаммад ибни Абдурраҳмони Ҳираваӣ моро хабар дод, гуфт: Шунидам Мансур мефармояд: Ҳаройина замин аз гурӯҳӣ мӯъмин холӣ намемонад; Чароки Худованди баландмартаба фармудааст: «Пас агар инон ба он кофир шаванд, гурӯҳи дигареро бар он мегуморем ки ба он кофир набошанд».