Чигуна метавон олимро миёни уламои як замон шиносойи кард?
Шинохти олим, мутаваққиф бар истиқроъи томми олимон ва иҳота ба илми онон аст ки ҷуз барои Худованд мумкин нест ва аз ин рӯ, шинохти олим, танҳо бо руҷӯъ ба Худованд ё руҷӯъ ба касе мумкин аст ки аз ҷониби Худованд хабар медиҳад; Ҳамчунонки, бани Исроъил ба Паёмбари худ руҷӯъ карданд ва ӯ Толутро ба унвони олим муъаррифӣ кард ва фармуд: ﴿إِنَّ اللَّهَ اصْطَفَاهُ عَلَيْكُمْ وَزَادَهُ بَسْطَةً فِي الْعِلْمِ وَالْجِسْمِ﴾[1]; «Ҳаройина Худованд ӯро бар шумо баргузид ва дар илм ва ҷисм фузунӣ дод»; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки олими олимон, халифаи Худованд дар замин аст ва ӯ ҷуз бо нассе аз ҷониби Паёмбар ё нишонае аз ҷониби Худованд шинохта намешавад, балки олими олимон пас аз ӯ низ танҳо бадин сон шинохта мешавад. Бо ин ҳол, агар касе воқеъан олим бошад, ба қадре аз сойри олимон мутамойиз аст ки одатан бар аҳли назар пӯшида намемонад, монанди моҳ дар миёни ситорагон; То ҳадде ки чун ба ӯ назар мекунанд қатъ меёбанд ки ӯ аз сойири олимон олм аст; Чароки тамоюзи ӯ аз онон монанди сапедаи субҳ дар миёни торикӣ, рӯшан аст.
Дар иртибот бо посухи шумо дар бораи шинохти олим, суъоле барои банда эҷод шуд ки сипосгузор мешавам агар мисли ҳамеша бо баёни рӯшан ва мустадалли худ, тавзиҳ бифармойед ва он ин аст ки аз тарафе фармудаед шинохти олим барои ғайри Худованд мумкин нест ва аз тарафи дигар фармудаед ки одатан бар аҳли назар пӯшида намемонад. Ин ду чи тавр бо ҳам қобили ҷамъ аст?!
Бо ташаккур аз посухи шумо олими бузургвор
Шинохти олим, аз он ҷиҳат ки мутаваққиф бар истиқроъи томми олимон аст, барои аҳли назар мумкин нест, вале аз он ҷиҳат ки олим тамоюзи маҳсусе бо сойири олимон дорад, одатан барои онон мумкин аст; Ба ин маъно ки онон наметавонанд ҳамаи олимонро эҳсоъ ва муқойиса кунанд, вале агар иттифоқан олимро бубинанд, метавонанд ӯро бишиносанд ва олим будани ӯро дарк кунанд; Чароки миёни илми ӯ ва илми дигарон, тафовути машҳуде вуҷуд дорад ва чунон тафовуте одатан бар чунин касоне пӯшида немемонад. Албатта мурод аз аҳли назар, «Улул Абсор» ҳастанд ки аз неъмати ақли салим бархурдоранд, на касоне ки Худованд дар бораи онон фармудааст: ﴿وَلَهُمْ أَعْيُنٌ لَا يُبْصِرُونَ بِهَا﴾[1]; «Барои онон чашмҳойе аст ки бо он намебинанд» Ва фармудааст: ﴿وَمِنْهُمْ مَنْ يَنْظُرُ إِلَيْكَ ۚ أَفَأَنْتَ تَهْدِي الْعُمْيَ وَلَوْ كَانُوا لَا يُبْصِرُونَ﴾[2]; «Аз онон касоне ҳастанд ки ба ту назар мекунанд, аммо оё ту нобиноёнро ҳидоят тавонӣ кард, дар ҳоле ки намебинанд?!».