Ҷумъа 19 Апрел 2024 мелодӣ / 10 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ

Мансури Ҳошимии Хуросонӣ

 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Тақлид аз аксарият

Яке дигар аз гунаҳои ройиҷи тақлид, пайравӣ аз гуфта ва кардаи аксари мардум аст; Чароки бисёрӣ аз мусалмонон, гуфта ва кардаи аксари мардумро аз гуфта ва кардаи ақалли онон дурусттар мепиндоранд ва ба масобаи улгуӣ худ, пайравӣ мекунанд; Дар ҳоле ки мусалламан дурустӣ ё нодурустии як гуфта ё карда, аз шумори пайравони он табаъият намекунад, бал тобеъӣ аз мутобиқат ё адами мутобиқати он бо ақл аст ки меъёри шинохт шумурда мешавад... Бинобарин, мумкин аст ки гуфта ва кардаи аксари мардум, нодуруст бошад, бал воқеъ ин аст ки ғолиби бар он нодурустӣ аст; Зеро машҳуд аст ки аксари мардум ақлро ба кор намебанданд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿بَلْ أَكْثَرُهُمْ لَا يَعْقِلُونَ... Балки аксари онон монанди чаҳорпоёнанд, балки гумроҳтар аз онҳо шумурда мешаванд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿أَمْ تَحْسَبُ أَنَّ أَكْثَرَهُمْ يَسْمَعُونَ أَوْ يَعْقِلُونَ ۚ إِنْ هُمْ إِلَّا كَالْأَنْعَامِ ۖ بَلْ هُمْ أَضَلُّ سَبِيلًا! Дар ҳоле ки ақаллияти онон, ҳаққро мешиносанд ва пайравӣ мекунанд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿فَقَلِيلًا مَا يُؤْمِنُونَ... Аз инҷо дониста мешавад ки пайравӣ аз аксарияти мардум, ваҷҳе надорад ва аз он ҳайс монеъи шинохт шумурда мешавад ки ҳақ, ҳаргоҳ бар хилофи гуфта ё кардаи онон бошад, ботил пиндошта мешавад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَإِنْ تُطِعْ أَكْثَرَ مَنْ فِي الْأَرْضِ يُضِلُّوكَ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ; «Ва агар аз аксари касоне ки дар заминанд пайравӣ куни, туро аз роҳи Худо гумроҳ мекунанд»!... Аз инҷо дониста мешавад ки шӯҳрати як гуфта, далолате бар сиҳати он надорад ва ривоҷи як карда, дурустии онро собит намекунад; Ҳамчунонки адами шӯҳрати як гуфта ва адами ривоҷи як карда, далиле бар нодурустии он нест. [Бозгашт ба Ислом, саҳ 59-60]

Адами эътибори иҷмоъ

Ҷамоъат ба маънои аксарияти ғолиби мусалмонон, наметавонад меъёри ҳақ бошад ва илтизоми ба он ваҷҳе надорад ва аҳли он, лузуман аҳли ҳақ нестанд; Чунонки гуфта шудааст ҷамоъат, аҳли ҳаққанд агар чи андак бошанд. Ҳамчунонки иҷмоъ ҳаргоҳ ба маънои иштиҳор ва адами шинохти мухолиф бошад, асле дар Ислом надорад ва мусбити ҳақ нест; Чароки адами шинохти мухолиф, ба маънои адами мухолиф нест ва иштиҳор, далолате бар ҳақоният надорад. Оре, иттфоқи назари қатъии мусалмонон, бино бар адами имкони иҷтимоъи онон бар ботил, кошиф аз ҳақоният аст, вале рӯшан аст ки истиқроъи томми он мумкин нест ва истиқроъи ноқиси он муҷиби яқин намешавад. Бо ин васф, тавҷиҳи эътибори он бо истинод ба шумулаш бар раъйи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, ё хулафоъи рошидаш бино бар қавли ба ҳуҷҷияати раъйи онон низ бемаъност; Чароки шумули он бар раъйи онон, ҳангоме қатъият дорад ки асли вуҷуди он қатъӣ бошад, дар ҳоле ки асли вуҷуди он, мубтанӣ бар истиқроъи ноқис аст ки заннӣ аст ва табъан дар Ислом эътиборе надорад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿إِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا; «Ҳароина занн чизеро аз ҳақ бениёз намекунад»! [Бозгашт ба Ислом, саҳ 61-62]

Адами эътибори ҷумҳурият

Ҷумҳурият ба маънои ҳукумат бар мбнои раъйи аксарияти мардум, маъқул нест; Чароки ҳукумат аз корҳои уқалоӣ ва табъан мубтанӣ бар ақл аст ва ғаразӣ ҷуз ҷалби масолеҳ ва дафъи мафосиди умумӣ надорад, дар ҳоле ки раъйи аксарияти мардум, лузуман уқалоӣ ва мубтанӣ бар ақл нест ва меъёри шинохти масолеҳ ва мафосид шумурда намешавад ва бо ин васф, ҳукумат бар мабнои он, ғолибан ба нақзи ғараз меанҷомад; Хусусан дар ҷавомеъӣ ки ақли аксарияти мардум, рушди камтаре ёфта ва мавонеъи шинохт дар онҳо шойеъ аст... идораи умури ҷомеъа бар пояи машварат, лузуман ба маънои ҳукумат бар пояи раъйи аксарияти мардум нест; Зеро метавонад ба маънои ҳукумат бар пояи маъқултарин раъйи мардум бошад ки бо тазоруби ороъи онон дар машварат кашв мешавад ва ин муқтазои меъёр будани ақл барои шинохт аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки мабно дар ҳамаи корҳои уқало, ақл аст ва ҳукумати онон бар тибқи раъйи аксарияти мардум, ҳаргоҳ раъйи аксарияти мардум мубтанӣ бар ақл бошад, ҳукумат бар мабнои ақл шумурда мешавад на бар мабнои раъйи аксарияти мардум ва ҳар гоҳ мубтанӣ бар ақл набошад, ҳукумат бар тибқи он, кори уқало нест. Аз инҷо дониста мешавад ки ҷумҳурият ба маънои ҳукумат бар мабнои раъйи аксарияти мардум, сарфи назар аз онки раъйи онон маъқул бошад ё набошад, ҷойе дар Ислом надорад ва бо ҳеҷ тақрире қобили қабул нест, ҳар чанд машварат дар он бо мардум, ба манзури кашфи маъқултарин раъйи мавҷуд, ишколе надорад ва судманд аст. [Бозгашт ба Ислом, саҳ 62-63]

Тақлид аз золимон

Бисёрӣ аз мусалмонон, аз ҳокимони золими худ пайравӣ мекунанд, дар ҳоле ки ҳокимони золимашон, аз як сӯ бо лиҳози мабнои машруъият дар Ислом, муҷоз ба ҳукумат нестанд ва аз сӯӣ дигар, ба иқтизои золим буданашон, бар тибқи ақл ва шаръ ҳукумат намекунанд ва бо ин васф, пайравӣ аз онон ба иқтизои ақл ва шаръ воҷиб нест, балки ба таври ҳатм ҳаром аст; Зеро касоне ки ҳаққи ҳукумат надоранд, табъан ҳаққи пайравӣ низ надоранд ва пайравӣ аз онон, бо таваҷҷуҳ ба мухолифаташон бо ақл ва шаръ, бо пайравӣ аз ақл ва шаръ мухолиф аст ва ин аз масоъили возеҳ ва зарурӣ аст. [Бозгашт ба Ислом, саҳ 63]

Адами вуҷуби итоъат аз ҳокимони золим

Инсоф он аст ки ҳурмати итоъат аз ҳокимони золим ва ибқоъи ҳукумати онон, аз бадеҳиёти Ислом аст ки тасаввури он барои тасдиқи он кофӣ аст, то ҷойе ки эътиқод ба вуҷуби он, бо эътиқод ба вуҷуби ҳаром, баробар аст; Чунонки олимтарин, солеҳтарин ва носеҳтарини мусалмонон дар замони худ, ба ин ҳукм воқиф буданд ва ба вуҷуби итоъат ва ибқоъи ҳокимони золим бовар надоштанд, монанди Ҳусейн ибни Алӣ ибни абӣ Толиб ки бино бар хабари мутавотири Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, саййиди ҷавонони аҳли биҳишт буд ва бо ин васф, ҷони худ ва аҳли байташро дар хуруҷ бар ҳокими золим фидо кард то усваи ҳасанае барои муслмонон бошад, ҳар чанд бештари мусалмонон ки пайравӣ Умавиён буданд, ҳаргиз ба ақидаи ӯ дар ин бора гардан наниҳоданд. [Бозгашт ба Ислом, саҳ 66]

Номае аз он ҳазрат ки дар он ёрони худро панд медиҳад.

Манро аз гулҳои замин хабар диҳед ки оё рушд тавонанд кард ҳаргоҳ дар миёнашон алафҳои ҳарз ва буттаҳои хор бошад?! Ҳамчунон шумо рушд натавонед кард монанде ки ба ҳавасҳо ва таъаллуқҳо мубтало ҳасте; Чароки неруӣ шуморо хоҳад гирифт ва вақти шуморо зойеъ хоҳад кард... Ҳамчунонки ширро дар зарфҳои олуда намерезанд, маърифатро дар дилҳои олуда қарор намедиҳанд ва ҳамчунонки гавҳарро дар сатли зубола намеафкананд, ҳикматро дар синаҳои нопок намегузоранд; То онон ки андешаи бадро аз дилҳои худ зудудаанд ба маърифат даст ёбанд ва онон ки шакро аз синаҳои худ берун рондаанд ба ҳикмат ноъил шаванд ва онон ки бадандеш ва шаккоканд дар ҷаҳолат ва бехабарӣ бимонанд. [Номаи шашум]

Номае аз он ҳазрат ки дар он ёрони худро панд медиҳад.

Ба суханам гӯш фаро диҳед то маърифат ёбед ва дар он биандешед то ҳикмат андузед; Чароки шуморо бо он парвариш медиҳам ҳамон тавр ки боғбон дарахти меваро; То аз шумо гурӯҳе бисозам кифоят кунанда барои онки халифаи Худоро дар замин кифоят кунанд. Ҳамоно шумо офарида шудаед барои охират ва на барои дунё; Пас барои охират кор кунед ва худро дилбастаи дунё насозед. Масали шумо масали савораи дарёст ки киштааш дар тӯфон ғарқ шуд; Пас худро ба тахтае овехт то ба ҷазираи ношинохта афтод. Пас чун ба ҳуш омад ва дар он сайр кард, дарёфт ки он ҷазирае ғайри маскун аст ки дар он ҳайвонотӣ дарандаанд ва ҷуз андаке об ва ғазо ёфт намешуд. Манро хабар диҳед аз ӯ ки оё ба ин ҷазира дил мебандад ва машғул мешавед ба сохтани иморатҳо –чунонки гӯйи барои ҳамеша дар он хоҳад монд– ё инки басанда мекунад ба ёфтани паноҳгоҳе ва машғул мешавад ба сохтани киштӣ ва гирифтани тӯшае то худро наҷот диҳад?! [Номаи шашум]

Номае аз он ҳазрат ки дар он ёрони худро панд медиҳад.

Мо дар замоне зиндагӣ мекунем ки ҷилваҳои дунё фузунӣ ёфта ва фитна ва ошӯб фарогир шудааст. Мардум Худоро фаромӯш кардаанд ва Ӯ низ ононро аз ёд бурдааст. Дар чунин ҳангомаи балохезе танҳо касоне дунёро дигаргун тавонанд сохт ки дунё онҳоро дигаргун насохта бошад... Ҳангоме ки мардум ба дунё машғул шудаанд, шумо ба охират машғул шавед то аз онҳо имтиёз ёбед. Ғуссаи дунёро нахуред; Чароки дунё ғуссаи шуморо намехурад. Онро вогузоред то чарогоҳи касоне бошед ки ба оятҳои Худованд имон намеоваранд ва миён инсоният ва беҳиммат фарқе намегузоранд. Онҳо барои онанд ва он барои онҳост. Масали онҳо масали кӯдаке аст ки дар соҳили дарё бозӣ мекунад ва барои худ аз моса биноҳо месозад ва мепиндорад ки боқӣ хоҳанд монд, вале ногоҳ мавҷе мерасад ва ҳамаро хароб мекунад; Пас кӯдак афсус мехурад ва бо ҳасрат ба мосаҳо менигарад ки чи андоза ранҷи беҳуда кашидааст! [Номаи шашум]

Номае аз он ҳазрат ки дар он ёрони худро панд медиҳад.

Куҷо ҳастанд ёрони ростини ман?! Куҷо ҳастанд касоне ки чун Масиҳ дунёро пушти сар андохтанд ва аз ҳар таъаллуқе ба он озод гардиданд? Куҷо ҳастанд касоне ки бо марг ҳамнишин буданд ва Худоро дар пеши рӯӣ худ медиданд? Аз ҳавли оташ чунон мегиристанд ки гӯйи модарони фарзанд мурда буданд! Ба атрофи осмон чунон менигаристанд ки мепиндоштӣ фариштагонро дар ҷой ҷои он мебинанд! Худоро мепарастиданд ва аз парастиши тоғут мепарҳехтанд. Аз пешвои худ фармон мебурданд ва дар ёрии ӯ аз ҳам пешӣ мегирифтанд. Ту гӯйи тахтаҳои фӯлод буданд ё кӯҳҳои сар ба фалак кашида! Вақте дар суфуфи худ ба сӯӣ душман метохтанд, ту гӯйи гардубод ва тӯфони шин ба роҳ меандохтанд! Рафтори худро зери назар доштанд ва вақти ҳар суханро мешинохтанд. Ба макорими ахлоқ ороста буданд ва аз разоъили бузург вораста. Дар замин гумном ва ношинохта буданд ва дар осмон маъруф ва пуровоза. Гард ва хок бар онҳо нишаста буд ва ранги рухсорашон парида буд. Дар миёни шабҳо чунон буданд ки гӯйи кандуҳои асаланд! Дар намозу истиғфор ва хондани Қуръон субҳ мекарданд ва дар илм ва ҷиҳод ва хидмат ба мардум шаб. На хаста мешуданд ва на тардид мекарданд. Худояшон биёмӯрзад. Рӯзгори худро гузаронданд ва рафтанд. Акнун шумо барои мо мондаед. Пас бикӯшед ки ҷонишинони неку бошед барои онҳо ва ба онҳо иқтидо кунед ва бидонед ки фараҷро нахоҳед дид магар он гоҳ ки ин гуна бошед. [Номаи шашум]

Фарозе аз номаи он ҳазрат дар некуҳиши олимони замон

Барге аз дарахти дин намекананд вале решаи онро аз бех дар меоваранд! Хасро аз чашми мардум бар мегиранд, вале коҷро дар чашми худ вомегузоранд! Магасро аз пушти мардум мепаронанд, вале шутурро бар пушти худ ҳамл мекунанд! Зоҳири хешро меороянд, вале ботини хешро меолоянд! Дар инзори мардум аз асал ширинтаранд, вале дар пушти деворҳо аз ҳанзал талхтаранд! Ҳақиқатро дӯст медоранд, вале на ба андозаи қудрат ва маърифатро дӯст медоранд, вале на ба андозаи шӯҳрат! Охиратро барои дигарон мехоҳанд ва дунёро барои худ! Худро аз ончи ҳастанд бузургтар мепиндоранд ва дигаронро аз ончи ҳастанд кӯчактар мешуморанд! Худоро барои худ мехоҳанд ва худро барои Худо намехоҳанд! Ҳикматро ба ҷаҳолат баробар медонанд ва нурро бо зулмат яксон мешуморанд! Чоплусии ҷоҳилон ононро фиреб дода ва алқоби бошукуҳ ононро хуш омадааст! Маслиҳатро бар шариъат муқаддам медоранд ва манфиъатро бар сири ҳақиқат менишонанд! Гумон намекунанд ҳақиқат дар чизе бошад ки мункири онанд ва мепиндоранд варои ончи бадон даст ёфтаанд чизе нест! Ба Худо савганд, инон по ба пои олимони умматҳои гузашта рафтаанд, ҷуз инки онон, алфози шаръиро таҳриф мекарданд ва инон, маъонии онро таҳриф мекунанд! Зинҳор! Аз инон бар ҳазар бошед ки шуморо гумроҳ накунанд ҳамон гуна ки олимони умматҳои гузашта ононро гумроҳ карданд! [Номаи ҳафтум]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор додааст, холӣ намемонад.

Тарҷумаи гуфтор: Шуморе аз ёронамон моро хабар доданд, гуфтанд: Мо ҷамоъате назди Мансур будем, дар ҳоле ки ӯ андешнок заминро ламс мекард ва ба оҳистагӣ мефармуд: Худовандро чунонки сазовор аст нашнохтанд! Худовандро чунонки сазовор аст нашнохтанд! Худовандро чунонки сазовор аст нашнохтанд! Сипас сари худро ба сӯӣ мо боло овард ва фармуд: Бинависед! Пас шурӯъ кардем ба навиштан, пас фармуд: Худовандро чунонки сазовор аст нашнохтанд ҳангоме ки гуфтанд: «Худованд дар ин уммат халифае қарор надод», дар ҳоле ки медонанд дар умматҳои пешин қарор дод ва ҳеч гоҳ суннати худро тағйир намедиҳад, магар инки худ аз тағйире хабар диҳад ва аз хатми набувват хабар дода ва аз хатми хилофат хабар надода, бал дар бораи касоне аз ин уммат ки имон оварданд ва корҳои шойиста анҷом доданд фармудааст: «Ҳатман ононро дар замин халифа мегардонад ҳамон тавр ки касоне пеш аз ононро халифа гардонд», пас суннати Ӯ дар халифа қарор додани мардоне аз аҳли имон ва корҳои шойиста пас аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам то рӯзи қиёмат ба қуввати худ боқи аст, вале чун онро ба инон ки фаромӯшаш кардаанд ёдоварӣ мекунам, аз ман баййина талаб мекунанд, дар ҳоле ки баййина ҷуз бар ӯҳдаи онон нест; Зеро онон тағйири суннатеро иддаъо мекунанд ки ба субути он дар умматҳои пешин иқрор доранд ва ман мункири тағйри он ҳастам ва онон медонанд ки баййина бар ӯҳдаи муддаъӣ аст ва бар ӯҳдаи мункир нест! Бо ин ҳол, ман барои онон баййина овардаам ва он оёте аз Қуръон аст ки бар онон мехонам, вале онон дар посухи ман ба кори падаронашон истинод мекунанд! Мегӯянд: «Ту донотарӣ ё саҳоба ва тобеъин?!» дар ҳоле ки худ аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят мекунанд: «Чи бисёр ноқили донише ки худ донише надорад ва чи бисёр ноқили донише барои касе ки аз ӯ донотар аст» ва мегӯянд: «Ин бидъат аст», дар ҳоле ки бидъат чизе буд ки падаронашон дар Сақифа бунён ниҳоданд, ҳангоме ки аз ончи ёдоварӣ шудандро аз ёд бурданд, ҳамон тавр ки гузаштагон аз ёд бурданд, пас гуфтанд: «Аз мо амире бошад ва аз шумо амире»... [Фақараи 19 аз гуфтори шишум]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор додааст, холӣ намемонад.

Тарҷумаи гуфтор: ...сипас бо Абу Бакр байъат карданд, дар ҳоле ки медонистанд Худованд ононро ба байъат бо ӯ амр накардааст, пас Умар ҳангоме ки кор аз кор гузашт гуфт: «Байъат бо Абу Бакр корӣ аҷулона ва насанҷида буд ки Худованд аз шарри он ҳифз кард, пас ҳар кас монанди онро такрор кунад, байъате бар ӯ нест», вале ҳар такрор кунандае монанди онро такрор кард ва онон бо ӯ байъат карданд ва гуфтанд: «Байъат бо Абу Бакр ҳамин тавр буд»! Пас аз Умар дар хатояш пайравӣ карданд ва дар чизе ки ба дурустӣ гуфт пайравӣ накарданд! Пас чун инро ба онон ёдоварӣ мекунем то тавба ва ислоҳ кунанд, таъассуби ҷоҳилӣ ононро фаро мегирад, мегӯянд: «Эй вой! Оё мегӯйи ки Абу Бакр ва Умар хато карданд?!», дар ҳоле ки медонанд он ду худоёне ҷуз Худованд ё паёмбароне пас аз Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам нестанд, бал ду марди солеҳ буданд ки дар бархӣ чизҳо дуруст амал накарданд ва дар бархӣ чизҳо хато ва ҳеч мӯъминеро намерасад ки аз он ду дар хатояшон пайравӣ кунад; Чунонки саҳоба дар бисёрӣ аз умур, бо он ду мухолифат карданд ва фуқаҳо дар масоъили бисёре бар хилофи фатвои он ду фатво доданд ва инон низ бар онон айб нагирифтанд ва нагуфтанд: «Эй вой! Абу Бакр ва Умарро дар хато донистанд»! То он гоҳ ки ман ончи онон барояшон пароканда гуфтандро барояшон якҷо кардам ва онро рӯшан ва бепироя барояшон овардам, пас бар онон гарон омад ва гуфтанд: «Ин дини ҷадиде аст»! Дар ҳоле ки он дини ҷадиде нест, балки ҳамон дини нахустин аст, магар инки манзурашон аз ҷадид чизе бошад ки аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят мекунанд ки Худованд дар миёнашон мардеро бар меангезад ки динашонро барояшон тоза кунанд; Зеро ман динашонро пас аз инки мундарас шуда буд, барояшон тоза кардам ва барояшон дар баробари Худованд ихтиёри чизеро надорам ва нигаҳбони онон нестам. [Фақараи 19 аз гуфтори шишум]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор додааст, холӣ намемонад.

Тарҷумаи гуфтор: Яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт: Шунидам Мансур мефармояд: Ҳароина замин аз мардӣ одил аз зуррияи Иброҳим алайҳи салом ки Худованд ӯро имоме барои мардум қарор дода бошад холӣ намемонад ва ин аҳде аст ки Худованд бо Иброҳим алайҳи салом кард, ҳангоме ки ӯро бо калимоте озмуд, пас онҳоро ба анҷом расонд, пас «Фармуд: Ман туро имоме барои мардум қарор медиҳам, гуфт: Ва аз зуррияам низ? Фармуд: Аҳди Ман ба золимон намерасад», пас ин ҷоҳилони мунҳариф чи чизеро инкор мекунанд?! Оё инкор мекунанд ки аксари мусалмонон гумроҳ шуда бошанд?! «Дар ҳоле ки пеш аз онон аксари гузаштагон гумроҳ шуданд» ва онон аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят мекунанд ки ба онон фармуд: «Шумо ваҷаб ба ваҷаб ва қадам ба қадам ба роҳҳои гузаштагон хоҳед рафт»! Пас бо вуҷуди сухани Худованд ва сухани Паёмбараш, чи чизеро инкор мекунанд?! Оё инкор мекунанд ки аксари саҳоба хато карда бошанд?! Дар ҳоле ки аксарашон дар рӯзи Уҳуд хато карданд, ҳангоме ки ба сӯӣ кӯҳ мегурехтанд ва ба аҳаде нигоҳ намекарданд ва Паёмбар дар пушти сарашон ононро мехонд, пас ононро бо андӯҳе бар рӯйи андӯҳе кайфар дод ва фармуд: «Бегумон касоне аз шумо ки дар рӯзи рӯёрӯйии ду гурӯҳ по ба фирор гузоштанд, шайтон ононро ба сабаби бархӣ аз ончи касб карда буданд ба лағзиш андохт» ва дар рӯзи Ҳунайн, ҳангоме ки касраташон ононро мағрур сохт, пас ононро бениёз накард ва замин бо ҳамаи вусъаташ бар онон танг шуд, сипас по ба фирор гузоштанд ва худ аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят мекунанд ки фармуд: «Ҳароина гурӯҳе аз асҳобам (дар рӯзи қиёмат) ба сӯйи ман меоянд, пас аз атрофи ҳавз ронда мешаванд, пас мегӯям: Парвардигоро! Асҳобам! Асҳобам! Пас Мефармояд: Ту намедонӣ ки баъд аз ту чи кор карданд! Онон ба пушти сари худ боз гаштанд»! Пас бо вуҷуди сухани Худованд ва сухани Паёмбараш, чи чизеро инкор мекунанд?! Оё саҳоба ва тобеъинро худоёне ҷуз Худованд гирифтаанд, чунонки яҳудиён олимон ва роҳибонашонро гирифтанд?! «Дар ҳоле ки амр нашудаанд магар инки Худойи воҳидро бипарастанд, Худойе ҷуз Ӯ нест, Ӯ аз чизе ки шарикаш қарор медиҳанд мунназаҳ аст»! [Фақараи 20 аз гуфтори шишум]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор додааст, холӣ намемонад.

Тарҷумаи гуфтор: Яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт: Аз Мансур дар бораи сухани Худованди баландмартаба пурсидам ки мефармояд: «Ва касоне ки кофир шуданд мегӯянд ки ту Паёмбар нестӣ, бигӯ Худованд ва касе ки илми китоб назди ӯст ба унвони шоҳид миёни ман ва шумо кофӣ ҳастанд», пас фармуд: Шаҳодати Худованд китоби Ӯст ва ҳароина миёни Паёмбар ва умматаш ду шоҳид вуҷуд дорад: Китоби Худованд ва касе ки илми китоб назди ӯст ва ӯ халифаи Худованд дар миёни онон пас аз Паёмбар аст ва умматаш ҳеч гоҳ бидуни он ду нахоҳад буд то он гоҳ ки қиёмат фаро расад, гуфтам: Худованд манро фадои ту гардонад; Зеро чизе аз китоби Худованд ки пинҳон медорандро бароям ошкор кардӣ! Фармуд: Онро пинҳон намедоранд, вале дар он тадаббур намекунанд, ё бар дилҳо қуфлҳое аст! Дар ин ҳангом гиряам гирифт, пас фармуд: Туро чи мешавад?! Гуфтам: Барои мардум таъассуф мехурам; Чароки онон сухани туро нашунидаанд, дар ҳоле ки он ҳикмат ва фазлулхитоб аст ва агар онро мешуниданд, ҳидоят меёфтанд, пас фармуд: Бар онон таъассуф нахур: «Агар Худованд дар онон хайре меёфт ҳатман ба онон мешунавонд ва агар ба онон мешунавонд пушт мекарданд, дар ҳоле ки рӯйгардон буданд»! [Фақараи 21 аз гуфтори шишум]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор додааст, холӣ намемонад.

Тарҷумаи гуфтор: Шуморе аз ёронамон моро хабар доданд, гуфтанд: Мо ҷамоъате назди Мансур будем, пас ба мо рӯй намуд ва фармуд: Ҳароина барои Худованд бар мардум ду шоҳид аст: Китоби Худованд ва касе ки илми Китоб назди ӯст ва ҳеч як аз он ду ононро аз дигарӣ бениёз намекунад ва ин сухани Худованд аст ки фармудааст: «Бигӯ Худованд ва касе ки илми Китоб назди ӯст ба унвони шоҳид миёни ман ва шумо кофӣ ҳастанд», сипас ба осмон нигарист ва фармуд: Худовандо! Оё табйин кардам?! Пас аз тарси Худованд чизе ба мо ворид шуд ки Худованд медонад ҳангоме ки инро фармуд, сипас ба сӯӣ мо бозгашт ва фармуд: Ҳароина замин аз Китоби Худованд ва касе ки илми Китоб назди ӯст холӣ намемонад, то ду шоҳид миёни Паёмбар ва умматаш то рӯзи қиёмат бошанд ва касе ки илми Китоб назди ӯст марде аз итрат ва аҳли байти Паёмбар аст ва ин сухани ӯст ки фармудааст: «Ҳароина ман дар миёни шумо ду чизи гаронмояро ба ҷо мегузорам: Китоби Худованд ва итратам аҳли байтам, агар ба он ду мутамассик шавед ҳаргиз пас аз ман гумроҳ нахоҳед шуд ва он ду ҳеч гоҳ аз ҳам ҷудо намешаванд то он гоҳ ки назди ҳавз бар ман ворид шаванд», сипас бори дигар ба осмон нигарист ва фармуд: Худовандо! Оё ба таври комил адо кардам?! Пас аз ҳайбати ӯ шурӯ ба ларзидан кардем ҳангоме ки инро фармуд, ингор ки дар ин дунё набуд! [Фақараи 22 аз гуфтори шишум]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад.

Шарти ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло барои ихтиёри аҳодис, пас аз созгории маънои онҳо бо китоби Худованд ва суннати собит аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва ақли салим, шӯҳрати ровиёни онҳо ба васоқат ё садоқат назди касоне аст ки аҳли мазҳаби онҳо ҳастанд, на мухолифони онҳо; Чунонки дар шарҳи ҳоли Ҷобир ибни Язиди Ҷуъфӣ онро табйин карда ва фармудааст: «Милок, ҳоли фард назди асҳоби ӯст (яъне аҳли мазҳаби ӯ); Чароки онон ба ҳоли ӯ огоҳтаранд ва назари сойири мардум ҳаргоҳ бо назари асҳоби ӯ мунофот дошта бошад, ҳуҷҷат нест; Чароки онон аз ӯ дуртаранд ва чи басо ба хотири дӯст надоштани мазҳабаш, дар бораи ӯ бад мегӯянд ва гувоҳи он, кори Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст ки ба яҳудиён фармуд: <Абдулло ибни Салом дар миёни шумо чигуна марде аст?> пас гуфтанд: <Хуби мо ва писари хуби мо ва сарвари мо ва писари сарвари мо ва олими мо ва писари олими мост>, пас суханашон дар бораи ӯро пазируфт; Чароки онон асҳоби ӯ буданд ва сипас ба онон хабар дод ки ӯ мусалмон шудааст, пас шурӯъ ба бадгӯйи дар бораи ӯ карданд ва гуфтанд: <Бадтарини мо ва писари бадтарини мост>, вале сухани онон дар бораи ӯро пас аз инки мухолифони ӯ дар мазҳабаш шунид напазируфт ва агар сухани мухолифон дар мазҳаб пазируфта шавад, чизе аз ҳадис боқӣ намемонад; Чароки ҳар тоъифае дар бораи тоъифаи дигар бад мегӯянд; Чунонки мебинӣ шиъаён ба чизе ки аҳли суннат ривоят мекунанд вақъе намениҳанд магар чизе ки онро ҳуҷҷате бар зидди онон қарор медиҳанд ва мебинӣ аҳли суннат ба чизе ки шиъаён ривоят мекунанд намегиранд магар бо таъаҷҷуб ва истиҳзоъ ва ҳар ду миёнаи роҳро гум кардаанд, вале мо ҳар чизе ки мусалмонон дар мутобиқат бо китоби Худованд ривоят мекунандро мепазирем ҳаргоҳ назди асҳоби худ ба ростгӯйи маъруф бошанд бидуни инки барои ҳеч як аз мазоҳиб таъассуб биварзем». [Дарси яккум, муқаддама]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад.

Чизе ки назди ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло милок аст, Ислом ва шӯҳрати ровӣ ба васоқат ё садоқат назди тоъифаи ӯст, на мазҳаби ӯ ё тазъифоти мухолифонаш бидуни далилӣ қобили қабул. Пас агар ровӣ аз аҳли суннат аст, милоки ҳоли ӯ назди аҳли суннат аст ва ҳолаш назди шиъа милок нест ва фарқе миёни ривоёти шиъа ва ривоёти аҳли суннат вуҷуд надорад ҳаргоҳ бо се асли пешгуфта созгор бошанд ва ровиёнашон маъруф ба васоқат ё садоқат назди аҳли мазҳаби худ бошанд. Ба ҳамин далил аст ки ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло ривоёте аз шиъаро монанди ривоёте аз аҳли суннат ихтиёр мекунад ва ривояти касеро ба хотири мазҳабаш тарк намекунад модоме ки мазҳабаш бар хилофи зарурии дин набошад, ба наҳве ки ӯро аз Ислом хориҷ созад; Чароки дар он сурат ӯ мунофиқ аст ва мунофиқ дар ҳеч заминае қобили қабули эътимод нест, агарчи ҳамаи мардум ӯро сиқа бидонанд. [Дарси яккум, муқаддама]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад.

Дарсҳои ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, ҳадафашон тазкияи мардум ва таълими Китоб ва ҳикмат ба онон ва меҳвар ва мабнояшон Қуръон ва суннат ва мавзӯъашон ақойид, аҳком ва ахлоқи Исломӣ аст ва мо аз миёнашон чизе ки ба масоъили муҳимтар ва мавриди ибтилотар марбут мешавадро интихоб кардаем ва онро ба гунае ки барои аҳли таҳқиқ ва мутолеъа осонтар бошад мураттаб сохтаем ва барои он таълиқотӣ муштамал бар зикри манобеъ ва бархӣ тавзиҳоти зарурӣ навиштаем. [Дарси яккум, муқаддама]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад.

Ҳар дарс, дар бораи як масъалаи эътиқодӣ ё фиқҳӣ ё ахлоқӣ аст ва аз се боб ташкил шудааст:

• Боби якум баёни оёте аз Қуръон ки ба масъала марбут мешавад ва дар он тафосири арзишманде аз ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло омада ки аз миёни гуфторҳои нуронии ӯ истихроҷ шудааст ва маъонии оётро ба гунае ки дилҳоро шифо медиҳад ва мардумро аз торикӣ ба нур мебарад, табйин менамояд.

• Боби дуввум аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ки ба масъала марбут мешаванд бо зикри шавоҳид ва мутобеъоти онҳо ва дар он нукоти дақиқ ва тавзиҳоти судманде аз ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло омадааст ки маънои аҳодис, ҳоли ровиён ва назари олимонро табйин мекунад.

• Боби севвум баёни аҳодиси саҳиҳе аз аҳли байт алайҳи салом ки ба масъала марбут мешаванд бо зикри шавоҳид ва мутобеъоти онҳо ва дар он назири чизҳое аст ки дар боби дуввум омадааст. [Дарси яккум, муқаддама]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад.

Қоъида назди ҳазрати аллома ҳафизаҳулоҳ таъоло, ҳуҷҷияти хабари мутавотир ва адами ҳуҷҷияти хабари воҳид аст ва хабари мутавотир назди ӯ чизе аст ки дар ҳар табақа беш аз чаҳор мард онро ривоят кардаанд, ба шарти инки қарини якдигар набошанд ва дар бораи маъно ихтилоф накарда бошанд ва чизе ки ривоят кардаанд бо китоби Худованд ё суннати собит аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ё ақли салим таъоруз надошта бошад. Ҳамчунин, чизе ки дар ҳар табақа чаҳор мард онро ривоят кардаанд, дар ҳукми хабари мутавотир аст, ба шарти инки одил бошанд, илова бар се шарти пешин ва ин чизе аст ки баррасии ҳоли ровиён ҳаргоҳ беш аз чаҳор мард набошандро зарурӣ месозад. Аммо баррасии ҳоли онон ҳаргоҳ камтар ё бештар аз ин теъдод бошанд, коре аст ки ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло аз боби илзом анҷом медиҳад; Чароки аксари мусалмонон қоъил ба ҳуҷҷияти хабари воҳиди сиқа ё садуқ ҳастанд ва чи басо чизе ки тавассути панҷ мард ривоят шудаастро мутавотир намедонанд. Аз ин рӯ, ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло чизе ки ровиёни сиқа ё садуқ назди онон ривоят кардаандро ихтиёр мекунад то ҳуҷҷате бар онон бошад ва бошад ки онон ҳидоят ёбанд. [Дарси яккум, муқаддама]

Ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар мабоҳиси хатире аз китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом», монанди мабҳаси «Ихтилофи мусалмонон», мабҳаси «Ҳокимияти ғайри Худованд» ва мабҳаси «Тавҳиди Худованд дар таҳким», мабнои «Ҳукумати Исломӣ» ро «Изни Худованд» ва интисоби ҳоким аз ҷониби Ӯ шумурда... Бо ин васф, «Ҳокимияте ки бояд дар ҷаҳон шакл бигирад то Исломӣ талаққӣ шавад», мунҳасиран ҳокимияти касе аст ки Худованд Ӯро барои он изн дода ва мансуб карда ва ӯ дар ҳоли ҳозир, бино бар далоили қатъӣ ва шаръӣ, Маҳдӣ аст ва ин дидгоҳи расмии Ислом шумурда мешавад. [Пурсиш ва посухи 25]

Дар шароъити феълӣ ки Маҳдӣ зоҳир нест, мардум наметавонанд яқин ба аҳкоми Ислом пайдо кунанд ҷуз дар ҳадди заруриёт ва ин асари вазъӣ ва зоҳир набудани ӯст ки аз тақсири онон нашъат гирифта ва уқубате барои онон аз ҷониби Худованд ба сабаби ин тақсир аст... ин ба маънои бечорагии онон дар ғайбати Маҳдӣ аст ки бовараш барои онон сахт аст, вале вокеъият дорад ва ҳазрати Мансур аз он хабар медиҳад. Дар воқеъ эшон кӯшиш дорад ба мусалмонон бифаҳмонад ки вақте касе зарфи оби худро дар биёбонӣ хушк гум кардааст, наметавонад ташнагии худро бо чизи дигаре монанди рег ё хори биёбон бартараф намояд ва ҳалокати ӯ дар ин ҳолат, асари вазъӣ ва табиъӣ тақсири ӯ дар ҳифзи зарфи об аст, магар онки кӯшиш кунад ва зарфи оби худро бозёбад. Ҳол агар ӯ мепурсад ки то замони бозёфтани зарфи об, чигуна метавонад ташнагии худро бартараф намояд, посухе барои пурсиши ӯ вуҷуд надорад; Чароки мусалламан наметавонад аз реги тафтидаи биёбон ё хори газандаи он истифода намояд; Бо таваҷҷуҳ ба инки он барои ӯ кифоят намекунад ва ҷойгузине барои зарфи обаш нест. [Пурсиш ва посухи 5]

Чорае аз халифаи худ дар замин қарор надода ва ниёзи ба ӯро сарнавишти маҳтум ва абадии мардум сохта ва бо ин васф, муҷодилаи онон ба манзури ёфтани ҷойгузине барои ӯ бефоида аст. Ба иборати дигар, зоҳир набудани Маҳдӣ, мусибатӣ узмо ва зойеъаи ҷубронопазир аст ва талошҳои мардум барои пур кардани ҷои холии ӯ, пуч ва беҳуда аст. Дар чунин вазъияти ҳувлнок ва асафаборе, барои мардум беҳтар аст ки ба ҷои талаф кардани вақт ва неруи худ бо ин қабил муҷодилот ва талошҳои беҳосил, ҳар чи зудтар нидои Мансурро лаббайк гӯянд ва заминаи зуҳури Маҳдиро фароҳам созанд; Чароки ин оқилонатарин кор барои бечорагон ва саргаштагони биёбон аст, вале афсӯз ки бештари онон аҳли таъаққул нестанд. [Пурсиш ва посухи 5]

Ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бидуни таваҷҷуҳ ба фирқаҳо ва мазоҳиби Исломӣ ва танҳо бо истинод ба манобеъи аслӣ ва яқинии Ислом мӯътақид аст ки замин дар ҳеҷ замоне аз «Халифаи Худованд» холӣ нест ва далилашон барои ин эътиқод аз як сӯ зарурати ақлӣ вуҷуди халифаи Худованд дар замин барои таълими кулли Ислом ва иқомаи он ба сурати холис ва комил аст бо таваҷҷуҳ ба инки чунин таълим ва иқомае зарурат дорад ва бидуни вуҷуди чунин халифае мумкин нест ва аз сӯи дигар сухани Худованд аст ки ба рӯшанӣ фармудааст: ﴿إِنِّي جَاعِلٌ فِي الْأَرْضِ خَلِيفَةً; «Бегумон ман дар замин халифаеро қарор диҳандаам» Ва ба масобаи ваъдаи Ӯст ки тахаллуф намепазирад; Чунонки фармудааст: ﴿لَا يُخْلِفُ اللَّهُ وَعْدَهُ; «Худованд аз ваъдаи худ тахаллуф намекунад» Ва ба масобаи суннати Ӯст ки тағйир намепазирад; Чунонки фармудааст: ﴿فَلَنْ تَجِدَ لِسُنَّتِ اللَّهِ تَبْدِيلًا; «Пас ҳаргиз барои суннати Худованд тағйире намеёбӣ». Ин дар ҳоле аст ки танҳо халифаи Худованд дар охируззамон бо таваҷҷуҳ ба ахбори мутавотири Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам Маҳдӣ аст ва аз ин рӯ, яқин ба хилофати касе ҷуз ӯ баъд аз салаф мумкин нест, дар ҳоле ки ҷуз яқин дар Ислом кофӣ шумурда намешавад ва ин ба маънои адами имкони хилофати касе ҷуз Маҳдӣ дар ҳоли ҳозир аст. Бар ин асос, метавон ба вуҷуди Маҳдӣ ва зинда будани ӯ дар ҳоли ҳозир эътиқод дошт. [Пурсиш ва посухи 6]

Бояд таваҷҷуҳ дошт ки эшони Мансури Ҳошимии Хуросонӣ даъвати худ ба сӯӣ заминасозӣ барои зуҳури Маҳдиро бар эътиқод ба вуҷуд ва ҳаёти он ҳазрат дар ҳоли ҳозир мубтанӣ насохта, балки дар китоби худ тасриҳ фармуда ки заминасозӣ барои зуҳури он ҳазрат, ҳатто бино бар адами эътиқод ба вуҷуд ва ҳаёташ дар ҳоли ҳозир, зарури аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки бино бар ин мабно, вуҷуд ва ҳаёти ӯ агарчи мутаваққиф бар фоъиляти Худованд ба маънои таквинии Ӯст, мутаваққиф бар қобилияти мардум ба маънои пазириш ва омодагии онон аст ва Худованд ӯро дар замоне халқ мекунад ки қодир ба зуҳур дар он барои онон бошад. Бинобарин, агар ӯ ҳамакнун вуҷуд ва ҳаёт надошта бошад, заминасозӣ барои вуҷуд ва ҳаёти ӯ монанди заминасозӣ барои зуҳури ӯ зарурӣ аст ва ин мубтанӣ бар сухани Худованд аст ки фармудааст: ﴿إنَّ اللهَ لا یُغیِّرُ مَا بِقَومٍ حَتَّی یُغیِّروا مَا بِأَنفُسِهِم; «Бегумон Худованд чизе ки дар қавме астро тағйир намедиҳад то он гоҳ ки чизе ки дар худашон астро тағйир диҳанд». Ҳосил онки чи дар ҳоли ҳозир мавҷуд ва зинда бошад ва чи набошад, заминасозӣ барои зуҳури ӯ бар умуми мусалмонон воҷиб аст ва мурод аз он таҳсили муқаддамоти лозим барои таъмини амнияти ӯ ва таҳаққуқи ҳокимияти ӯст ки ҳазрати Мансур тафсили онро дар китоби «Бозгашт ба Ислом» табйин фармудааст. [Пурсиш ва посухи 6]

Аз адами ҳуҷҷияти ахбори воҳид ва заннӣ, ҷавози «Тақлид аз фатвоҳои муфтиҳо» лозим намеояд, балки ба рӯшани адами он лозим меояд; Чароки аз як сӯ мабнои ин бузургворон дар бисёри фатовишон ахбори воҳид ва заннӣ аст ва бо ин васф, адами ҳуҷҷияти ин ахбор, мусталзими адами ҷавози тақлид аз онҳост ва аз сӯи дигар тақлиди аз онҳо ба иҷмоъи ҳамаи мусалмонон ва ба иқтизои ҳиссу виҷдон, муфиди занни ба аҳкоми Худованд аст, дар ҳоле ки Худованд занн ба аҳкоми худро кофӣ намедонад ва мефармояд: ﴿إِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا; «Бе гумон занн чизеро аз ҳақ кифоят намекунад»! Бинобарин, тақлид аз фатвоҳои муфтиҳои бузургвори тақлид, дар назари Худованд кофӣ нест; Ба ин маъно ки муҷиби бароъати зиммаи мукаллаф аз таколифи Ӯ намешавад ва ин низ гуноҳи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ нест... Мансури Ҳошимии Хуросонӣ иҷтиҳод ба маънои истинботи ҳукм аз адилаи занниро кофӣ намедонад ва ин ба рӯшанӣ мубтанӣ бар адами кифояти занн дар Ислом аст; Зеро вақте занн дар Ислом кофӣ нест, фарқе намекунад ки маншаъи он тақлид бошад ё иҷтиҳод, балки маншаъи он ҳар чизе бошад кофӣ нест ва ин возеҳтар аз он аст ки ниёзе ба тавзиҳ дошта бошад... адами кифояти тақлид ва иҷтиҳод аз он ҳайс ки муфиди заннанд, мусталзими суқути таколифи шаръӣ ё вуҷуби таҳсили яқин ба онҳост, аммо аз онҷо ки суқути таколифи шаръӣ мумкин нест, вуҷуби таҳсили яқин ба онҳо таъаюн меёбад ва таҳсили яқин ба онҳо аз ду тариқ мумкин аст: Китоби Худованд ва суннати яқинии Паёмбари Ӯ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ки аз тариқи ахбори мутавотири он Ҳазрат ва халифаи ӯ маълум мешавад. [Нақд ва баррасии 1]

Ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ тақлидро «Пайравӣ аз гуфта ва кардаи дигарӣ бидуни далил» таъриф фармудааст на бо далил! Бинобарин, агар касе аз гуфта ва кардаи дигарӣ ба далили мутобиқати он бо меъёри шинохт пайравӣ кунад, аз ӯ тақлид накарда балки аз меъёри шинохт пайравӣ кардааст. Рӯшан аст ки ин бузугвор низ аз шумо нахостааст ки аз эшон «Тақлид» кунед, бал аз шумо хостааст ки аз гуфта ва кардаи эшон ба далили мутобиқати он бо китоби Худованд ва суннати яқинии Паёмбараш ва иқтизоъоти рӯшани ақлӣ пайравӣ кунед ва ин бо ҳеҷ тақрире «Тақлид» аз эшон шумурда намешавад. Эшон шадидан бо шахсият парастӣ мухолиф аст ва онро мисдоқе аз «Ширк» мешуморад ва шахсият парастӣ ин аст ки касе чунон таҳти таъсири як шахсият қарор бигирад ки гуфта ва кардаи ӯро бидуни далил қабул кунад; Чизе ки мутаъассифона имрӯз дар миёни мусалмонон ривоҷи фаровоне дорад. Бале, бар мусалмонон воҷиб аст ки худ мустақиман ба манобеъи Ислом муроҷиъа кунанд ва ба фатвои муҷтаҳидон иктифо накунанд ва албатта бар муҷтаҳидон низ воҷиб аст ки ононро дар ин кор ёрӣ кунанд, ба ин маъно ки муроҷиъаи мустақими онон ба манобеъи Исломро тасҳил намоянд, на инки ба тақлиди онон аз худ доман зананд ва ононро аз китоби Худованд ва суннати яқинии Паёмбараш ва иқтизоъоти рӯшани ақлӣ ба худ саргарм созанд; Чароки чунин коре, боздоштан аз роҳи Худо ва иъонат бар исм ва удвон аст ва монанди коре аст ки коҳинони яҳудӣ ва роҳибони масеҳӣ дар умматоҳои гузашта анҷом доданд. [Нақд ва баррасии 18]

Иҷтимоъи шуморӣ кофӣ аз мусалмонон барои ҳифозат, иъонат ва итоъати Маҳдӣ, агар чи дар асари даъвати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ анҷом мешавад, бар пояи тақлид аз ӯ анҷом намешавад, бал бар пояи табаъият аз китоби Худованд ва суннати яқинии Паёмбараш ва иқтизоъоти рӯшани ақлӣ анҷом мешавад ва ба ҳамин далил аст ки ӯ барои даъвати мусалмонон ба ин иҷтимоъ зарурӣ, китобӣ истедлолӣ ва бурҳонӣ навишта ва ба китоби Худованд ва суннати яқинии Паёмбараш ва иқтизоъоти рӯшани ақлӣ истинод карда ва монанди муҷтаҳидон ба додани фатво ва монанди муддаъиён ба муъарифии худ иктифо накардааст, дар ҳоле ки як марҷаъи тақлид, танҳо фатвои худро барои оммаи мардум изҳор медорад ва мутаваққиъ аст ки онон бар пояи тақлид аз ӯ ва бидуни илми тафсилӣ ба далоилаш, ба фатвои ӯ амал кунанд ва як муддаъии дурӯғин, танҳо мақоми иддаъоӣ худ монанди Маҳдӣ будан ё нойиби Маҳдӣ будан ё фарзанди Маҳдӣ буданро барои оммаи мардум изҳор медорад ва мутаваққиъ аст ки онон бар пояи тақлид аз ӯ ва бидуни илми тафсилӣ ба далоилаш, аз гуфта ва кардаи ӯ пайравӣ кунанд, аммо Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, на аз мавзеъи як марҷаъи тақлид ва на аз мавзеъи як муддаъии дурӯғин, бал аз мавзеъи як омири ба маъруф ва ноҳй аз мункар даъват карда ва даъвати маъқул ва машруъи худро бар далоили яқинӣ ва мусаллами Исломӣ мубтанӣ сохтааст, то мусалмононе монанди шумо бо илми тафсилӣ ба далоили ӯ ва на сирфан бо эътимод ба марҷаъият ё мақоми иддаъоӣ ӯ, даъвати ӯро иҷобат кунанд ва ин ҳамон хусусияти Маҳдӣ аст ки ин шахсияти хос ва мутафовитро аз мароҷеъи тақлид ва муддаъиёни дурӯғин ҷудо карда ва дар ҷойгоҳи як заминасози айнӣ ва амалӣ барои зуҳури Маҳдӣ қарор додааст. Ин ба он маъност ки Мансури Ҳошимии Хуросонӣ намехоҳад монанди марҷаъи тақлид ва муддаъиёни дурӯғин, шуморо ба муридони худ табдил кунад, бал мехоҳад аз шумо бародарон ва хоҳаронӣ озода, хирадманд ва фарҳехта барои худ бисозад то ёрони ӯ ба сӯӣ Худованд ва халифааш дар замин бошед. [Нақд ва баррасии 18]

Хушбахтона бисёрӣ аз аҳкоми зарурӣ ва бунёдини Исломи монанди аркони намоз ва рӯза ва закот ва ҳаҷ, чунонки ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар бахшӣ аз китоби худ табйин фармудааст, аз тариқи китоби Худованд ва ахбори мутавотири Паёмбари Ӯ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам маълум мешавад ва бо ин васф, метавон ба онҳо амал кард ва амал ба онҳо муҷзӣ аст, вале барои яқин ба сойири аҳкоми Исломи ва бароъати зимма аз онҳо, чорае ҷуз руҷӯъ ба халифаи Худованд дар замин нест ва ин коре аст ки ба бовари ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ мумкин аст; Чароки монеъи руҷӯъ ба ӯ чизе ҷуз тақсири мардум дар таъмини муқаддамоти он нест ва табъан рафъи ин монеъ ба маънои таъмини муқаддамоти руҷӯъ ба ӯ барои онон мумкин аст ва агар ин кор ба иҷтимоъи гурӯҳӣ кофии аз онон ниёз дорад ва гурӯҳӣ кофии аз онон иҷтимоъ намекунанд, гуноҳи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ нест, бал гуноҳи худи мардум ва касоне аст ки ононро аз ин кор боз медоранд... Оре, ин заминасози зуҳури Маҳдӣ, мусалмонони ҷаҳонро аз вуқуъи як «Бечорагии бузург» хабар медиҳад ва ононро бо ироъаи роҳкорҳоӣ рӯшан ва амалӣ, ба берунрафт аз он фаро мехонад, вале бештари онон нидои эшонро намешунаванд ё мешунаванд ва дар намеёбанд, ҷуз андаке аз онон ки Худованд дилҳошонро барои эшон озмудааст ва албатта ҳамонон кофӣ хоҳанд буд ин шоъ Аллоҳ. [Нақд ва баррасии 1]

Иттихози алқоби неку барои пешвоён ва олимони дини, корӣ маъмули аст, бал суннатӣ Исломӣ ба шумор меравад... Чунонки лақаби «Мустафо» барои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва лақаби «Аҳмад» ки дар Инҷил бо он муъаррифӣ шуда... Ва лақаби «Муртазо» барои Алӣ аз ин қабил буда... Соири пешвоёни аҳли байт низ алқоби мухталифе монанди «Боқир», «Содиқ», «Козим» ва «Ризо» доштанд ки имрӯз ба онҳо шинохтатар ҳастанд то ба номҳои худашон, бал Маҳдӣ ки Мансур ба сӯӣ ӯ даъват мекунад низ номи дигаре дорад ва «Маҳдӣ» лақаб ва шӯҳрати ӯст... Бо таваҷҷуҳ ба ин шавоҳид, мумкин аст ки ҳадси шумо саҳиҳ бошад; Ба ин маъно ки «Мансур» низ лақаб ва шӯҳрати нависандаи китоби «Бозгашт ба Ислом» ва заминасози зуҳури Маҳдӣ бошад, вале бидуни шак ин чизи муҳҳиме нест ки фикри шумо ва кӯтоҳфикроне монанди шуморо ба худ машғул карда ва ба дастовези сустатон барои таблиғ бар зидди ин олими бузург ва мазлум табдил шудааст; Чароки мусалламан аз назари оқилон, танҳо андешаҳо ва омӯзаҳои Исломӣ ва ислоҳгаронаи ӯ аҳмият дорад ва ному лақаб ва шӯҳрати ӯ таъйин кунанда нест; Бо таваҷҷуҳ ба онки ин андешаҳо ва омӯзаҳо муттакӣ бар ном ва лақаб ва шӯҳрати ӯ нест то бо тағйири он тағйир ёбад, бал муттакӣ бар китоби Худо ва суннати мутавотири Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва аҳкоми қатъии ақл аст ки дар ҳар ҳол собит ва қобили пайравӣ аст. Бинобарин, шумо метавонед тасаввур кунед ки номи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, Муҳаммад, ё Алӣ, ё Умар, ё Саъид, ё Ҷаъфар, ё Қосим, ё Муҳаммад Алӣ, ё Абдуллоҳ, ё чизи дигаре аз ин қабил аст; Чароки ӯ ҳар номе дошта бошад, нависандаи китоби «Бозгашт ба Ислом» ва раҳбари наҳзати мубораке аст ки ба кӯрии чашми мунофиқон ва бемордилон, барои иқомаи Исломи холис ва комил дар ҷаҳон ва таҳаққуқи ҳокимияти Маҳдӣ зуҳур кардааст ва бо вуҷуди ҳамаи адоватҳо ва ҷавсозиҳо ба ҳаракати худ то расидан ба ормони мутаъолӣ ва муқаддасаш имома медиҳад Ин Шоъ Аллоҳ. [Нақд ва баррасии 4]

Маҳдӣ; Меҳвари иттиҳоди мусалмонон
Муҳаммад Саҷҷод Омили

Дар ҳоли ҳозир ихтилоф ва тафриқаи уммат аз авомили сиёсӣ ва ҳокимиятҳои мутаъаддид ва мутафарриқ нашъат мегирад ва чанд дастагии мусалмонон, маълули пайравии онон аз ҳукком ва қудратҳои сиёсии гуногун аст ва табиъӣ аст ки ҳар гурӯҳ ва ҳар даста ва ҳар миллате аз мусалмонон, пайрави заъими хеш аст ва зуъамои ҷаҳони Ислом низ ҳар кадом ба сӯӣ худ мехонанд ва умуман Маҳдиро аз ёд бурдаанд; Чароки ё асосан ҳеҷ таваҷҷуҳе ба ӯ надоранд ва аз бурдани номи ӯ низ оҷизанд ва ё ин гуна таблиғ мекунанд ки зуҳури Маҳдӣ бисёр дур аст ва маълум нест дар чи замоне воқеъ мешавад. Ин гуна аст ки ҳокимони ҷаҳони Ислом дониста ё нодониста алайҳи Маҳдӣ иқдом мекунанд ва зеҳни умумии мусалмононро аз таъаммул дар бораи ӯ боз медоранд. Ҳоло агар тасаввур кунем ки нидои бедоргари даъват ба сӯӣ Маҳдӣ ва пайвастан ба ӯ ва гусастан аз ғайри ӯ ба гӯши ҳамаи мусалмонони ҷаҳон бирасад ва эшон ҳамагӣ, як садо даст аз ҳокимоне ки бидуни изни Худованд баргузидаанд, бардоранд ва ба сӯӣ Маҳдӣ бишитобанд чи хоҳад шуд? Ба ростӣ бо ба роҳ афтодани наҳзати бедорӣ бахши ҳимоят ва итоъат аз Маҳдӣ ва танин андоз шудани шиъори бозгашти мусалмонон ба сӯӣ Маҳдӣ чи таҳавулоте дар минтақа ва ҷаҳон рӯй хоҳад дод? Ба назар мерасад пеш аз ҳар чиз, авалин натиҷаи мубораки чунин ҳаракати бедоргаре, иттиҳоди муслимин дар як саф ва зери як байрақ ва низ ҳамгароӣ ва иттифоқи эшон дар сояи байъат бо гумоштаи Худованд хоҳад буд ва ин аввалин гом дар ростои таҳаққуқи ормони Исломии мо яъне таҳаққуқи ҳокимияти ҳазрати Маҳдӣ аст; Чароки тардиде нест ки як иттиҳоди ростин ва ба ҳам пайвастагии амиқ миёни суфуфи мусалмонон, пешниёзи инқилоби ҷаҳонии Маҳдавӣ шумурда мешавад. [Мақолаи 4]

Маҳдӣ; Меҳвари иттиҳоди мусалмонон
Муҳаммад Саҷҷод Омили

Ба ақидаи мо чунин наҳзати мубораки Исломӣ ки иттиҳоди ҳамаи мусалмонон дар замин байрақи Маҳдавиро ҳадафи худ қарор додааст оғоз шуда ва овоӣ «Бозгашт ба Ислом» ро сар додааст. Раҳбарии ин наҳзат бар уҳдаи андешманди ҳушёр ва мубориз, ҳазрати аълома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ аст ки бо шуҷоъати беназир ва мисолзадании худ, калимаи «Ал байъату Лиллоҳ» ро шиъори наҳзати худ қарор дода ва мӯътақид аст ки танҳо мисдоқи байъат бо Аллоҳ дар даврони мо байъат бо халифаи Худо Маҳдии оли Муҳаммад аст ва ҳар байъати дигаре дар ин даврон, байъат бо тоғут шумурда мешавад. Бинобарин «Ал байъату Лиллоҳ» ба маънои инҳисори ҳукуамт ва қудрат ба касе аст ки Худованд ӯро ба унвони халифаи худ баргузидааст ва он ҳеҷ кас нест ҷуз Маҳдӣ. Ин парчамдори Исломи холис ва комил, бо ироъаи чунин қироъати асил ва мӯътабаре, мӯътақид аст ки Маҳдӣ, амуди оҳанини хаймаи Ислом аст ва то ин амуди оҳанин бар замин устувор нагардад, хаймайи Ислом барпо нахоҳад шуд. Лизо вазифаи фард фарди мусалмонони ҷаҳон, ҳимояти ҳамаҷониба ва содиқона аз Маҳдӣ ва нусрату иъонат ва итоъат аз ӯст. Ба ҳамин хотир аст ки метавон наҳзати ин андешманди бузургро наҳзати «Бозгашт ба Ислом» ё наҳзати бозгашт ба сӯӣ Маҳдӣ ном ниҳод; Чи онки рукни ракин ва иқома кунандаи мавъуди Ислом ҳамуст ва бозгашт ба ӯ дар воқеъ бозгашт ба сӯӣ Исломи ростин аст. [Мақолаи 4]

Мурури бар китоби «Бозгашт ба Ислом» навиштаи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Саййид Муҳаммад Содиқи Ҷаводиён

Нависанда дар ин китоб, нахустин ба табйини меъёри шинохт мепардозад ва зарурат, ваҳдат ва бедоҳатро се мушаххасаи он мешуморад ва пас аз баррасиҳои бисёр, ақлро мисдоқи он медонад ва таъкид мекунад ки ҳамаи шинохтҳо ногузир бояд ба ақл мунтаҳӣ шаванд. Албатта ӯ ақлро мутафовит бо фалсафа мешиносад ва мӯътақид аст ки меъёри шинохт, ақли уқалоӣ аст на ақли фалсафӣ. Ба илова ӯ низоъи ҳазорсола дар бораи мабнои ҳусн ва қубҳ ё хубӣ ва бадӣ миёни Ашоъира ва Адлияро низоъӣ лафзӣ ношӣ аз бетаваҷҷуҳии онон ба таквинӣ будан ва ташриъӣ будани амр ва наҳйӣ Худовнад мешуморад ва мӯътақид аст ки ақл ва шаръ ҳар ду аз афъоли Худованд ҳастанд ва миёни афъоли Худованд ваҳдатӣ ҷавҳаре вуҷуд дорад ва муғойират ва мунофоте нест. Пас аз он ӯ ба табйини мавонеъи шинохт мепардозад ва ҷаҳл, тақлид, аҳвоъи нафсонӣ, дунёгароӣ, таъассуб, такаббур ва хурофотгароиро аз муҳимтарин масодиқи он зикр мекунад ва дар зейли онҳо ба осебшиносии торихӣ ақойид ва аъмоли мусалмонон ва нақди мабноӣ фикрии онон аз баъди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам то кунун мепардозад ва бидъатҳо ва инҳирофоти ройиҷ ва масоъиб ва муъаззалоти ҷаҳони Исломро ташриҳ ва решаёбӣ мекунад. [Мақолаи 1]

Мурури бар китоби «Бозгашт ба Ислом» навиштаи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Саййид Муҳаммад Содиқи Ҷаводиён

Аз мавзӯъоти муҳимме ки дар ин китоб ба чолиш кашида шуда, тақлид аст. Нависанда тақлид аз гузаштагон ва тақлид аз ҳокимони золим ба маънои пайравӣ аз онҳоро аз асбоби инҳитоти фарҳанги Исломӣ мешуморад ва қиёми мусалмонон бар зидди ҳукуматҳои мустабид ва вобаста агарчи мутазоҳир ба Ислом бошандро машрӯъ медонад; Ҳамчунонки тақлид аз кофирон ба маънои табаъият аз андешаҳо ва улгуҳои ғайри Исломиро на танҳо боъиси пешрафти моддӣ ва дунявии мусалмонон намешуморад, балки боъиси суқути фарҳанг ва тамадуни онон медонад. Ба илова ӯ тақлид аз аксарияти мардумро низ нодуруст меингорад ва пас аз радди эътибори иҷмоъ ва шӯҳрат ба масобаи далойилӣ шаръӣ бо таваҷҷуҳ ба заннӣ будани онҳо, интиқодотеро аз лиҳози назарӣ бар демокросӣ ворид мекунад ва онро хусусан дар ҷавомеъӣ ки аксарияти мардум аз рушди ақлӣ кофӣ бархурдор нестанд, нокоромад мешуморад. Ӯ ҳамчунин тақлид аз олимонро ба ин далил ки муфиди занни аст ва занн дар Ислом ҳуҷият надорад, рад мекунад ва онро яке аз авомили ихтилофи мусалмонон аз дербоз то кунун мешуморад. Сипас иҷтиҳод ба маънои мусталаҳ ки истинботи ҳукм аз адилаи заннӣ астро низ бо таваҷҷуҳ ба адами эътибори адилаи заннӣ дар Ислом саҳиҳ намедонад ва ёфтани роҳкорӣ дигар барои даст ёфтан ба яқинро зарурӣ мешуморад... Дар идома нависанда ба нақди назарияи вилояти мутлақаи фақиҳ аз лиҳози мабнои мепардозад ва онро ғулувве дар бораи олимон мешуморад ва имкони онро аз ҳайси ақлӣ мунтафӣ медонад; Чароки ба бовари нависанда итоъати беқайд ва шарт аз касе ки мумкин аст хоста ё нохоста ба ғайри ҳақ фармон диҳад бар хилофи ҳукми ақл ва шаръ аст. Ҳамчунин ба унвони паёмадҳои бовар ба вилояти мутлақаи фақиҳ, итоъати бе чуну чаро аз ғайри маъсум ва вогузордани ихтиёроти маъсум ба ӯро одатан маншаъи фитнаҳои гуногун ва мафосиди бузургӣ чун истебдоди сиёсӣ медонад ва инро далилӣ дигар бар лузуми иҷтиноб аз ин бовар мешуморад. [Мақолаи 1]

Мурури бар китоби «Бозгашт ба Ислом» навиштаи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Саййид Муҳаммад Содиқи Ҷаводиён

Нависанда дар идома хурофагароиро омилӣ таъсиргузор бар рӯӣ ақойид ва аъмоли мусалмонон мешуморад ва аз бархӣ аҳли тасаввуф ба хотири тарвиҷи он интиқод мекунад ва нақши ононро дар густариши ақлситезӣ ва динварзии завқӣ ва шоъирона миёни мусалмонон барҷаста медонад. Ӯ ҳам чунин бисёрӣ аз шоъиронро ба сабаби сурудани ашъорӣ зебо аммо нодуруст ва мухолиф бо омӯзаҳои Паёмбарон некуҳиш мекунад ва ононро монанди соҳирон аз рақибон ва душманони Паёмбарон мешуморад ки бо «Зухруфул қавл» ва «Лаҳвул ҳадис» мардумонро аз роҳи Худованд боз медоранд. [Мақолаи 1]